Тоҷикистон ва дигар давлатҳои СААД ба паради Ғалаба дар Москва 75- нафарӣ низомӣ мефиристанд

Январь 31, 2020 10:24

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва дигар давлатҳои иштирокдори Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) барои иштирок дар парад бахшида ба Рӯзи Ғалаба, ки 9 майи соли 2020 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мешавад, 75-нафарӣ низомӣ мефиристанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе зимни нишасти матбуотӣ сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров иттилоъ дод.

«Сарони давлатҳо иштироки ҳайати низомиро тасдиқ карданд. Дар нақша аст, ки аз ҳар давлат 75- нафарӣ ба ҳайати парад шомил карда шаванд», — гуфт ӯ.

Тавре Сидоров хабар дод, қаблан шумораи пешакии ҳайати низомии СААД дар парад бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75 нафар муайян карда шуд. Баргузории омодагии низомиён дар пойгоҳи гарнизони Алабин ва майдони Сурх дар шакли омӯзиши муштарак баҳори соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2020 дар майдони Сурхи Москва паради тантанавӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад. Тибқи иттилои телевизиони «Звезда», дар он беш аз 14 ҳазор нафар, тақрибан 300 адад аслиҳа ва техникаи низомӣ, аз ҷумла беш аз 100 ҳавопаймо ширкат мекунанд. Аз майдони Сурх дар баробари низомиёни рус ҳамчунин низомиёни хориҷӣ  мегузаранд.

Дар минбари асосии парад аз рӯи анъана роҳбарияти Россия ва меҳмонони олиқадр, аз ҷумла сарони давлатҳои ИДМ, Франсия, Ҳиндустон, Куба, Ҷумҳурии Чехия, Венесуэла ва Сербия ҳузур хоҳанд дошт. Президенти ИМА Доналд Трамп низ хоҳиши 9 май ба Москва омаданашро иброз дошта буд.

ДАР АКС: низомиёни Тоҷикистон дар майдони Сурхи Москва ҳангоми гузашти парад бахшида ба Рӯзи Ғалаба. Акс аз бойгонӣ.

Январь 31, 2020 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид