Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Кордори муваққатии Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 январ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо Кордори муваққатии Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл мулоқот намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот Гулрӯ Ҷабборзода зикр кард, ки ҳамкории судманд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея маҳз аз сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 сарчашма мегирад.
Тарафҳо ба дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла интиқоли неруи корӣ таваҷҷуҳ намуда, масъалаи баимзорасонии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Кореяро, ки айни ҳол дар баррасии ин давлат қарор дорад, муҳокима карданд.
Дар ин раванд Г.Ҷабборзода пешниҳод намуд, ки то муайян шудани мавқеи Корея ҷиҳати баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи мазкур, баррасӣ ва мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи Барнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти дахлдори Ҷумҳурии Корея дар бораи фаъолияти меҳнатии мавсимии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Корея тезонида шавад.
Инчунин зимни вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани фаъолияти 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии низоми вазорат мавриди муҳокима қарор гирифта, Ли Вучёл таъкид намуд, ки дархостҳои қаблан пешниҳодгардидаи роҳбарияти вазорат ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо таҷҳизоти техникии муосир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея пазируфта шуда, бо ин мақсад 200 адад компютер чун кумаки техникӣ расонида шуд.
Вазир барои кумаки техникӣ миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар масъалаҳои муҳоҷират, касбомӯзӣ, табодули таҷриба ва дигар самтҳои ба манфиати тарафҳо равонагардида изҳори назар намуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.








Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти мусиқии симфонӣ густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Форуми оби Корея мулоқот намуд
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ҷамъбаст гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси минтақаи Ҷаҳрои Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса нусхаи эътимоднома супорид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои синамо ва авиатсия густариш меёбад
Дар Вена муносибатҳои гуногунҷанба ва судманди Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Эрон барои ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои он ибрози омодагӣ намуд
Дар шаҳри Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Бунёди ОПЕК баррасӣ гардид






