ВКХ: дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин ҳодисаи гирифтори беморӣ ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шаҳрвандони кишвар, ки дар шаҳрҳои гуногуни Чин, аз ҷумла Вухан (зиёда аз 45 донишҷӯи тоҷик) қарор доранд, дар тамоси доимӣ мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамчунин Сафорат бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат, Ҳукумати музофоти Хубэй ва шаҳри Вухан ва мактабҳои олие, ки шаҳрвандони мо таҳсил мекунанд, дар алоқа буда, вазъиятро баррасӣ менамояд.
Дар торнамои Сафорат муроҷиат ба шаҳрвандон бо ишораи рақамҳои телефони шабонарӯзӣ ҷой дода шудааст. Шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои зерин ба Сафорат муроҷиат кунанд: Суҳроб Қодиров +8618511786686, Амриддин Носиров +8618514270747 ва Пирмухамедов Фаромуз +8613522787975.
Дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи гирифтори беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҷониби Чин айни замон масъалаи баровардани шаҳрвандони хориҷиро аз шаҳри Вухан баррасӣ надорад ва тавсия ҳам намедиҳад, зеро дар саросари музофоти мазкур карантин эълон карда шудааст.
Кумитаи давлатии Чин оид ба корҳои тандурустӣ иттилоъ дод, ки давраи инкубатсионии коронавируси шакли нав аз 1 то 14 рӯз давом мекунад ва он вирус дар ин муҳлат ба нафарони дигар имконияти гузаштан дорад.
Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни тоҷик аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, ҷониби Тоҷикистон ин иқдомро бо Ҳукумати Чин роҳандозӣ хоҳад кард.
Вазъияти мазкур зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.








Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд






