Волидайни 8 нафар ноболиғ, ки ба бозиҳои зараровари компютерӣ машғул буданд, ҷарима гардиданд

Январь 16, 2020 09:16

ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои бозиҳои компютерии  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд. Дар натиҷаи санҷиш  дар маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи  мазкур, ки ба шаҳрванд Мансур Ҷалолов тааллуқ дорад, муайян гардид, ки 8 нафар ноболиғ ва 11 нафар ҷавон  ба бозиҳои зараровари компютерӣ машғул буданд. Барои иҷозат додани ноболиғон ба  ин марказ нисбат ба  соҳибмулки номбаршуда  санади  зарурӣ тартиб дода, фаъолияти ин марказ  муваққатан қатъ карда шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, корамандони ХПҲНҶ бо  ин  ҷавонон ва ноболиғон суҳбатҳои манфиатовар доир намуда, ба онҳо зарари  бозиҳои компютерии  дорои  хусусияти зуроварӣ ва даҳшату ваҳшониятро фаҳмониданд.

Нисбат ба  падару модарони  ин ноболиғон дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади  маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, кормандони  Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, машғул гардидан ба амалҳои ношоиста ва ҷалби онҳо ба мутолиаи китоб, инчунин  аз худ кардани барномаҳои таълимӣ пайваста дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагон вохӯриву суҳбатҳои мақсаднок доир менамоянд.

«Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки бархе ноболиғон вақти пурқимати худро беҳуда, дар марказҳои бозиҳои компютерӣ мегузаронанд.

Санҷиши навбатие, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД доир гардид, якчанд далелҳоро дар ин самт ошкор кард»,- афзуд манбаъ.

Январь 16, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид