Волидайни 8 нафар ноболиғ, ки ба бозиҳои зараровари компютерӣ машғул буданд, ҷарима гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои бозиҳои компютерии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд. Дар натиҷаи санҷиш дар маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи мазкур, ки ба шаҳрванд Мансур Ҷалолов тааллуқ дорад, муайян гардид, ки 8 нафар ноболиғ ва 11 нафар ҷавон ба бозиҳои зараровари компютерӣ машғул буданд. Барои иҷозат додани ноболиғон ба ин марказ нисбат ба соҳибмулки номбаршуда санади зарурӣ тартиб дода, фаъолияти ин марказ муваққатан қатъ карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корамандони ХПҲНҶ бо ин ҷавонон ва ноболиғон суҳбатҳои манфиатовар доир намуда, ба онҳо зарари бозиҳои компютерии дорои хусусияти зуроварӣ ва даҳшату ваҳшониятро фаҳмониданд.
Нисбат ба падару модарони ин ноболиғон дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ карда шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, машғул гардидан ба амалҳои ношоиста ва ҷалби онҳо ба мутолиаи китоб, инчунин аз худ кардани барномаҳои таълимӣ пайваста дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагон вохӯриву суҳбатҳои мақсаднок доир менамоянд.
«Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки бархе ноболиғон вақти пурқимати худро беҳуда, дар марказҳои бозиҳои компютерӣ мегузаронанд.
Санҷиши навбатие, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД доир гардид, якчанд далелҳоро дар ин самт ошкор кард»,- афзуд манбаъ.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






