«Welcome to Baljuvon» — тарғибгари мавзеъҳои нотакрори Балҷувон
ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Welcome to Baljuvon»- чунин ном гирифтааст ролики таблиғотии мавзеъҳои нотакрори табиати минтақаи сайёҳии Балҷувон, ки он дар шакли диск ва видеороликҳо ба сайёҳон ва меҳмонон тақдим мегардад. Ин дар ҳолест, ки соли сипаригардида аз ин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон беш аз 8,5 ҳазор сайёҳи хориҷию дохилӣ боздид намудаанд.
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон сохтмони 375 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла 13 меҳмонхона ба нақша гирифта шуда, 80 фоизи он дар деҳот бунёд мешаванд. Қомат афрохтани иншооти муосир дар маркази ноҳияи Балҷувон симои онро ба куллӣ тағйир дода, барои рушди туризми байналмилалӣ дар минтақа имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
Мусаллам аст, ки ноҳияи Балҷувон табиати басо зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонанд барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия истифода шаванд. Бахусус рушди намудҳои сайёҳии экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор, фарҳангӣ барои ин минтақаи кӯҳистон хос мебошанд. Бо назардошти он, ки ноҳияи Балҷувон дорои табиати зебои нотакрор, иқлими мусоид ва ёдгориҳои фарҳангиву таърихии қадимӣ мебошад, қаламрави он бо қарори Ҳукумати мамлакат минтақаи туризми байналмилалӣ эълон шудааст.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар ин ноҳия баҳри ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ анҷом дода шуданд.
Инфрасохтори сайёҳии ноҳия сол то сол рушд намуда, айни замон дар ин ҷо 7 меҳмонхона, 4 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 43 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 1 ҳомстей ва як гулгашт мавҷуд буда, ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.
Соли 2019 бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳия 1 меҳмонхона ва маркази иттилоотии сайёҳӣ дар деҳаи Пушти Боғи Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, 1 меҳмонхона дар деҳаи Аспоғулон, маркази хизматрасонӣ дорои меҳмонхона ва дигар намудҳои хизматрасониҳо барои сайёҳон дар деҳаи Шаҳидон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар заминаи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар маҳал давоми соли 2019 курсҳои омӯзишӣ дар байни роҳбаладон дар минтақаи Сари Хосор оид ба намуди туризми шикорӣ гузаронида шуданд.
Ҳамчунин роҳбаладони маҳаллӣ барои забономӯзӣ ба курсҳои забонҳои англисӣ ва испанӣ ҷалб гардиданд. Ташкилоти ҷамъиятии «Субҳи тандурустӣ» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд харитаи сайёҳии ноҳияро бо фарогирии 3 хатсайри сайёҳии ноҳия таҳия намуд, ки ба дӯстдорони сайру саёҳат пешкаш гардонида мешавад. Инчунин соли сипаригашта бори нахуст дар ноҳия тибқи хатсайри «Корвони сафирон» 40 нафар сафирони муқими Ҷумҳурии Точикистон аз мавзеъҳои тамошобоби ноҳия ва маконҳои таърихию фарҳангии Балҷувон дидан намуданд.








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






