ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ месозанд
ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат дар ҷумҳурӣ аз ҷониби соҳибкорон як зумра корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Аз ҷумла, соҳибкорони вилояти Суғд дар ин ҷода саҳми намоён мегузоранд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба шаҳри Бӯстон сафари корӣ анҷом дод. Тавре зикр гардид, дар шаҳр аз тарафи соҳибкорон Илҳом Акрамов ва Эҳром Акрамов корхонаи истеҳсоли мех ва мехҳои печон сохта мешавад. Тибқи лоиҳа, дар корхона то 300 тонна мех ва мехҳои печон истеҳсол мегарданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷом қарор дошта, соҳибкорон нақша доранд технологияҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайванро васлу насб намоянд.
Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор Гулнора Оқилова дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ сохта мешавад. Корхона дорои тавоноии истеҳсоли қубурҳои полиэтилении қутрашон аз 15 то 250 мм буда, дар масоҳати умумии 2400 метри мураббаъ сохта мешавад. Соҳибкор тасмим дорад, ки бо назардошти имконот дар оянда хатҳои иловагии истеҳсолӣ таъсис диҳад.
Раиси вилоят саҳми соҳибкоронро дар бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ назаррас арзёбӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки иншооти истеҳсолиро бо сифати баланд бунёд намоянд.
Тибқи иттилои масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шудаанд.
Ҳамчунин, танҳо соли гузашта 32 иншооти иҷтимоӣ бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 122 миллион сомонӣ бунёд ёфт ва бо саъю кӯшиши онҳо зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ мегарданд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 200 гектар боғ бунёд карда мешавад
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад






