Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 200 гектар боғ бунёд карда мешавад

Апрель 14, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 200 гектар боғ бунёд карда мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар доданд, ин иқдом бо мақсади татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ мегардад.

Дар айни замон дар ноҳияи Шуғнон бунёди боғи суперинтенсивӣ оғоз гардида, дар он дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд.

Дар Бадахшон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва иқлим ниҳолшинонӣ охири моҳи март оғоз мегардад. Зеро ин минтақа нисбатан сард буда, замистони тӯлонӣ дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 14, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид