Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 21-22 феврали соли 2020 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акрам Мадумаров баргузор гардид.
Ба ҳайатҳо инчунин муовинони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои адлия, сафирони ду кишвар, роҳбарони вилоятҳои Суғд ва Ботканд, шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва роҳбарони сохторҳои қудратии вилоятӣ шомил буданд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи зарурати вусъати минбаъдаи таҳияи хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин баррасии масъалаи эҳтимоли мубодилаи қитъаҳои замини баробараҳамият ва баробарҳаҷм миёни шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади аз байн бурдани қитъаҳои парчадармиён ва холдор дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва таъмини субот то гузаронидани делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон изҳори ҳусни тафоҳуми комил намуданд.
Тибқи рӯзномаи тасдиқшуда ба гурӯҳҳои кории масъалаҳои ҳуқуқӣ супориш дода шуд, ки ба баррасии заминаи ҳуқуқии делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро идома бахшанд.
Дар доираи ҷаласаи доиршуда бо мақсади ҳамгироӣ дар пешгирии ҳолатҳои низоъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мулоқоти алоҳидаи раисони вилоятҳои наздисарҳадӣ бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир карда шуд.
Зарурати тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳо ва ноҳияҳои наздисарҳадии ду мамлакат, инчунин таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ махсус зикр гардид. Дар робита ба ин, Нақшаи чорабиниҳои муштарак миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон барои соли 2020 аз ҷониби раисони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон тасдиқ карда шуд.











«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






