Арабистони Саудӣ бинобар коронавирус вуруди зоиронро боздошт

Февраль 27, 2020 12:55

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Арабистони Саудӣ ба кишвар муваққатан боздоштани вуруди зоиронеро, ки барои анҷом додани ҳаҷи умра ба Макка ва зиёрати масҷиди Пайғамбар ба Мадина мераванд, эълон намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар дод.

Тибқи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, ҳамчунин вуруд бо раводиди сайёҳӣ барои шаҳрвандони он кишварҳое, ки ҳоло дар онҳо коронавирус паҳн гардидааст, боздошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар бораи маҳдуд гардидани ҳаракат дар дохили Эрон бинобар хуруҷи коронавирус иттилоъ расида буд.

АКС: © Тасвири АИ «Росбалт»

Февраль 27, 2020 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид