Ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб 766 иншоот ба истифода дода мешаванд

Февраль 18, 2020 10:01

КӮЛОБ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   то соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёди 766 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2019 150 -тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  раиси шаҳри Кӯлоб ҳамчунин изҳор дошт, ки соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 268,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

— Соли гузашта  14 коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли макарон, пахтатозакунӣ, сехи кӯрпадӯзӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, сангреза, мебелбарорӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва як корхонаи ҶДММ «Сангрезаи Кӯлоб» дар маҷмӯъ бо фарогирии 130 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд,-афзуд Баҳром Иноятзода.

Гуфта шуд, ки ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият карда, 99 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд. «Ресандаи Кӯлоб» соли 2019 ба маблағи 13,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи пеш 3,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ришта буда, бештар ба хориҷи  мамлакат содирот карда мешавад.

Раиси шаҳри Кӯлоб  самти кишоварзиро шарҳ дода, гуфт, ки  деҳқонон соли гузашта  57,8 ҳазор тонна сабзавот, 6,8 тонна полезӣ, 7,4 тонна мева ва 1,1 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд.

-Дар ин давра кишти чигит мувофиқи дурнамо дар майдони 3000 га гузаронида шуда, ҷамъоварии пахта 6908,2 тоннаро ташкил дод. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 462,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018  10,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, -афзуд номбурда.

Февраль 18, 2020 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд