Дар Академияи идоракунии давлатӣ китобхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарият ва устодону кормандон бо теъдоди беш 5 ҳазор китобҳои бадеию сиёсӣ ва беш аз 253 ҳазор китоби электронӣ китобхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими баистифодадиҳӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Холов, ректори Академия, профессор Абдухалил Ғафурзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон иштирок доштанд.
Профессор Абдухалил Ғафурзода изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба бунёди китобхонаҳо ва ҷалби наврасону ҷавонон, хусусан, донишҷӯён ба китобхонӣ хеле зиёд буда, ба хотири соҳибмаълумот намудан ва такмили дониши ҷомеа пайваста чораҳои судманд ва натиҷабахш роҳандозӣ мешаванд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ перомуни масоили вобаста ба китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа, китобҳои бадеӣ ибрози назар намуда, таъкид кардаанд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Бо назардошти муҳимияти мутолиаи китоб ва нақши он дар баланд бардоштани маънавиёти мардум, ташаккули завқи бадеӣ ва зебоиписандӣ Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоб ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамзамон Сарвари давлат дар Паём дар бораи аз гардиш мондани китоб, ки ҷузъи муҳими сарвати маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад, ибрози нигаронӣ намуда, таъсири пайомадҳои манфии онро барои фарҳанги миллӣ таъкид карданд.
Дар охир иштирокчиёну ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Донишҷӯи сол -2019» бо диплом, сипоснома, туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






