Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон 3 ихтисоси нав, аз ҷумла технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ ба роҳ монда шуд
ХУҶАНД, 14.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз соли хониши 2018-2019 сар карда, қабули довталабон аз рӯи 3 ихтисоси нав – менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат, технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ ва технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот ба роҳ монда шуд. Дар ин бора ва паҳлӯҳои дигари фаъолияти муассиса ректори Донишкада Мухтор Фозилзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Донишкадаи кӯҳӣ–металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд давоми 13 соли таъсис яке аз таълимгоҳҳои омодакунандаи мутахассисони соҳаҳои гуногуни коргоҳҳои кӯҳӣ-металлургии мамлакат маҳсуб мешавад.
Ҳоло дар донишкада 3 факулта — корҳои кӯҳӣ, металлургия ва электромеханика амал намуда, аз рӯи 18 ихтисоси равияи кӯҳӣ- металлургӣ ва як ихтисоси бакалаврӣ – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот мутахассисон омода мегарданд.
Донишкада дар самти таъмини хатмкунандагон бо ҷои кори доимӣ қариб бо 100 коргоҳи соҳавӣ-саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ҳамзамон барои сайқал додани дониши азхудкарда донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюм барои таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ ва истеҳсолӣ ба корхонаҳои соҳавии миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд.
Дар самти ҳамкорӣ бо мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ имрӯз донишкада бо 40 муассисаи олӣ ва илмӣ-техникии дохили мамлакат ва хориҷи он шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
-Ҳоло дар Донишкада 3230 нафар донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон таҳсил дошта, аз онҳо 93 нафарашон донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мебошанд. Ҳамаи онҳо бо хобгоҳ ва шароити хуби таҳсил таъминанд,-иброз дошт ректори донишкада М.Фозилзода.








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






