Имрӯз ҷашни Меҳргон бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ оғоз мегардад

Октябрь 19, 2025 07:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва мероси муқаддаси ниёгонамон — Меҳргон бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷашни  Меҳргон бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ имсол нисбат ба солҳои гузашта фарқ мекунад. Имрӯз дар ин боғ   дар доираи ҷашни Меҳргон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди себ ва ангур», «Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» ва «Иди тарбуз, харбуза ва каду» низ бо шаҳомати хосса ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор  карда мешаванд.

Даромадгоҳи ҷашнгоҳ бо ангораҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҳои гуногун ороста карда шудааст. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсулоти бо заҳмат парваридаи худро, ки хоси ин минтақа мебошад, инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо   пешниҳоди сокинон гардонида, техникаҳои соҳавӣ,  кишоварзӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ин ҷашн мебошанд,  ба  намоиш гузоштаанд.

Чун анъана занони тоҷик аз ҳар гӯшаю канори мамлакат дар ин боғ хони идона оростаанд, ки дар он хӯрокҳои миллии хоси ҳар минтақаи ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббусу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2025 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад