Дар Душанбе ҳамкории милитсия бо аҳолӣ тақвият меёбад

Февраль 5, 2020 09:00

ДУШАНБЕ. 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар назди даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматии як зумра  кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе варақаҳо бо навиштаҷоти «ТАВАҶҶУҲ» насб шудаанд, ки дар онҳо  суроғаи ҷойгиршавии утоқи корӣ, ному насаб ва рақамҳои телефони нозири минтақавии  милитсия дарҷ гардидааст. Сокинону меҳмонони пойтахт дар ҳолатҳои зарурӣ  метавонанд бо мақомоти милитсия, махсусан нозири минтақавӣ дар иртибот бошанд. Ин амал  бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсияи пойтахт бо аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом   аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар доираи ба роҳ мондани ислоҳоти милитсия ва иҷрои бандҳои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020», «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» роҳандозӣ гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории ҷомеа бо милитсия дар тамоми даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, ташкилоту муаассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт  рақамҳои телефони ВКД, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, суроғаи ҷойгиршавии утоқи кории нозири минтақавӣ, инчунин ному насаб ва рақамҳои телефони нозири минтақавӣ  насб карда мешаванд.

«Маҳз дар ҳамбастагӣ метавон тамоми амалу кирдори номатлубро дар ҷомеа решакан намуд. Аз ин лиҳоз, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, сокинону меҳмонони шаҳр эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии ҳодиса ва амалу кирдорҳое, ки сабаби халалдор гардидани осоиштагии шаҳрвандон мегарданд, бетарафӣ зоҳир накарда,  бо мақомоти милитсия, махсусан бо нозири минтақавӣ дар иртибот бошанд»,-афзуд манбаъ.

Февраль 5, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид