Дар Душанбе масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Германия дар ҷодаи мубориза бо коррупсия муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе масъалаи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ҷодаи мубориза бо коррупсия зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сафири навтаъйини Германия дар Тоҷикистон Андреас Протман муҳокима гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур хабар медиҳад.
Зикр гардид, ки аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо он қонун ва стратегияҳои зиёд қабул шудаанд.
«Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз ҷумлаи санадҳои меъёриву ҳуқуқие мебошад, ки барои паст шудани шиддати коррупсия ва ҷиноятҳои алоқаманд ба он дар мамлакат шароит фароҳам овард.
Мусоҳибон зимни мулоқот аз рушди бемайлони робитаҳои дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






