Дар Душанбе зери роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 баргузор гардид.
Азим Иброҳим зикр намуд, ки бо вуҷуди пеш аз муҳлат иҷро гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, усул, тарз ва сифати корҳои анҷомдода дар ин самт ба талабот ҷавобгӯ набуд.
«Тавассути дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони мамлакат, бо падару модарони шаҳрвандони синашон ба хизмат расида, даъватшавандагон бояд бо хоҳиши худ барои иҷро намудани қарзи фарзандӣ дар назди Модар-Ватан ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд», — илова намуд муовини Сарвазир.
Бо дарназардошти таҳлилҳои гузаронида, муовини Сарвазири мамлакат натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳоро дар даъвати тирамоҳии соли 2019 нокифоя баҳодиҳӣ намуд. Вобаста ба ин, барои 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда шуд. Аз ҷумла, 6 комиссари ҳарбии вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Шуғнон бинобар ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти хизматиашон ва сабабҳои дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.
Инчунин нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардорони шуъбаҳои даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Кӯшониён, Ваҳдат, Ҳисор ва Рӯдакӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бинобар сабаби роҳ додан ба баъзе камбудиҳо дар рафти маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун, А. Ҷомӣ, Қубодиён, Кӯлоб, Ҳисор, Варзоб, Истаравшан, Турсунзода, Ҷ. Балхӣ, Вахш, Нуробод, Сино, Фирдавсӣ ва И.Сомонӣ тадбирҳои зарурии дахлдор андешида шавад.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд, ки дар ин раванд хунукназарӣ аз ҷониби бархе аз масъулин дида мешавад. Ин камбудиҳо дар ҳоле ба вуҷуд меоянд, ки хароҷоти вобаста ба даъвати тирамоҳии наваскарон аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва пурра пардохт мегардад.
Муовини Сарвазир аз фаъолияти комиссияҳои тиббӣ низ эродҳои ҷиддӣ гирифта, бо тарзи иҳотагирӣ (облава) ҷалб намудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун як амалӣ номатлуб номид.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки мояи ифтихор аст, ки қишре аз ҷавонони бо нангу номус, барои адои хизмат ба комиссариатҳои ҳарбӣ худашон муроҷиат мекунанд. Ҳамасола тамоюли рӯ ба афзоиш овардани шумораи ихтиёриён умедворкунанда аст. Дар баробари ин аз ҷониби Вазорати мудофиа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо таҳрири нав таҳия гардида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шудааст.








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






