Дар Германия ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Германия ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ин матлаб 14 феврал зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Тоҷикистон Андреас Протманн баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Муҳаммадюсуф Имомзода ва Андреас Протманн аз ҳамкории ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки ҳамкории Тоҷикистону Германия дар асоси Протоколи ҳамасолаи гуфтушунидҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявӣ ва техникӣ ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Германия (GIZ) дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таълими забони немисӣ ба роҳ монда шуда, наздик ба 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Германия таҳсил менамоянд.
Андреас Протманн зикр кард, ки дар Германия ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, донишҷӯёни германӣ дар лагерҳои тобистона забони тоҷикиро меомӯзанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар самти зиёд намудани теъдоди бурсияҳо, табодули таҷрибаи ҳайати омӯзгорону профессорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самти таҳсилоти томактабӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва баргузор кардани чорабиниҳои муштарак ҳамкориро вусъат мебахшанд.








Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






