Дар ИДМ соли 2020 се стратегияи навро оид ба соҳаи сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш таҳия менамоянд

Февраль 5, 2020 09:55

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре аз Консепсияи  раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ИДМ, ки 4 феврал аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон нашр шудааст, бармеояд, кишварҳои  ИДМ  соли 2020 се стратегияи  навро  барои солҳои 2020-2021 оид ба рушди  фаъолияти муштараки ҷавонон, сайёҳӣ, ҳамчунин  тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиш омода месозанд, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ. 

Се стратегияи  нав  баргузории ярмаркаҳои солонаи сайёҳӣ ва Рӯзҳои фарҳанги кишварҳои ИДМ-ро  бо навбат дар ҳар як давлати иштирокчӣ,  ташкили  вохӯриҳои  мунтазами ҷавонони эҷодкор ва  бунёди осорхонаи  виртуалии  мероси фарҳангии давлатҳои ИДМ-ро  пешбинӣ  менамоянд.

Ӯзбекистон дар татбиқи барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои  фарҳангии Иттиҳод»  фаъолона ширкат менамояд, омадааст дар хабар.

Дар соҳаи ҳамкории  илмӣ, техникӣ  ва инноватсионӣ кор  оид ба омодасозии  барномаи байнидавлатии  ҳамкории  инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ то соли 2030 роҳандозӣ мешавад.

Ба ҷуз ин, фаъолият оид ба қабули созишнома дар бораи  ҳамкории иттилоотӣ дар самти рушди  рақамии ҷомеа амалӣ  мегардад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2020 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд