«ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар Бадахшон бонувони ноҳияи Мурғоб ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонувони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Дасторхонороӣ» гардиданд. Дастархони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб, ки бо таомҳои ду халқи дӯсту бародар — тоҷику қирғиз оро дода шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардид. Ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъа мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб карданд. Ғолибони ҷойҳои якуму дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Дасторхонороӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар дод.
Даври вилоятии озмуни мазкур, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст, бо иштироки бонувони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб сурат гирифт.
Ҳар як кадбону вобаста ба завқу истеъдоди худ ва бо тайёрии ҷиддӣ ба озмун омада, кӯшиш мекард, ки бо муаррифии беҳтарин хӯриш ва таомҳои миллӣ мақоми вижаро соҳиб гардад.
Таомҳои миллӣ, аз қабили қурутоб, шакароб, навъҳои мухталифи атола, оши бурида, оши боқило, нонҳои ҳархелаи танӯрӣ, чапотӣ, кулча, бурусоқ, ғӯзқамоч, самбӯса, шириниҳои гуногун, намудҳои меваи хушк, шарбату афшураҳои меваю сабзавот аз файзу баракат ва фаровонии ҳар хонадон дарак медод.
Муаррифии таомҳои пешниҳодшуда, таркиб ва тарзи тайёр кардани онҳо, хусусияти хос ва ҷойгоҳи таоми миллӣ дар рӯзгори мардум, пешниҳоди намудҳои мухталиф, тарзи суханварӣ ва либоспӯшии кадбону аз шартҳои асосии озмун маҳсуб меёфтанд.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва ҳайати ҳакамон аз намоиши таомҳои миллӣ ва маҳсули кадбонувон дидан намуда, ба маҳорат ва истеъдоди ҳар яки онҳо баҳои баланд доданд.
Ҷараёни баҳогузорӣ ба ҳар кадом дастархони орододашуда ҷиддӣ сурат гирифта, камтарин ҷузъиёти ороиши он мавриди муҳокимаи ҳайати доварон қарор гирифт.
Назира Амирбекзода дар ҷамъбасти озмун аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ёдовар шуда, тазаккур дод, ки фазои мусоиди даврони соҳибистиқлолии мамлакат имкон фароҳам овардааст, ки бонувон дар дилхоҳ самти ҳаёт мавқеи муайян дошта бошанд.
Ӯ ҳамчунин аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокдорони озмун барои иштирокашон изҳори сипос намуда, барои нишон додани маҳорати баланди кадбонугӣ ва дастархонороӣ ба ҳар кадоми онҳо таҳсину офарин хонд.
Ғолибон дар фазои тантанавӣ аз ҷониби муовини раиси вилоят бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин барои иштироки фаъол кадбонувони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ бо мукофот сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба расму русуми аҷдодӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ, додани авлавият ба маҳсулоти ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ манфиатбахш, тарзи дурусти ороиши дастархон ва риояи сарфаю сариштакорӣ дар баргузории маросиму маърака мебошад.












ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






