Донишҷӯён Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳунари мебелсозиро аз худ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.02,2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ дар самти илм, инноватсия ва таълим, аз ҷумла роҳандозии лоиҳаи «Навсозии потенсиали илмӣ-истеҳсолӣ ва таълимии Парки технологӣ, ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати мебелсозӣ барои донишҷӯён ва ҷавонон»- чунин буд муҳтавои асосии мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода бо мушовири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Федератсияи Россия Рубен Газанчян, ки 27 феврал баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» масъули шуъбаи кор бо ВАО-и донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев хабар дод, маблағи умумии лоиҳаи пешбинишуда 97 ҳазор сомониро ташкил дода, қисми асосии он барои харидории таҷҳизоту лавозимоти мебелсозӣ ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши он пешбинӣ шудааст.
Пас аз мулоқот намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид аз намоиши ҳунарии устоҳои «Парки технологӣ»-и донишгоҳ дидан намуда, ба фаъолияти он баҳои баланд доданд.
Айни ҳол дар донишгоҳ дар самти бурдани корҳои илмӣ 5 лоиҳа дар бахшҳои адабиётшиносӣ, шарқшиносӣ, биология ва физика амалӣ гардида, дар назар аст, ки соли 2021 боз 6 лоиҳаи дигар доир ба масъалаи ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ, физика, илмҳои дақиқ, адабиётшиносӣ ва таърих роҳандозӣ гарданд.
Дар маҷмӯъ, имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар миқёси мамлакат дуюмин муассисаи калонтарин ба ҳисоб рафта, дар он аз рӯи 80 ихтисос 20822 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Донишгоҳ бо 50 муассисаи олӣ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






