Сулаймон Султонзода: «Зиёда аз 370 ҷиноят вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин ошкор гардид»

Февраль 11, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 374  ҷинояти коррупсионии вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин  ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Бештари ҷиноятҳо ба шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Рӯдакӣ, Панҷакент, Кӯшониён, Шаҳритус, Ваҳдат, Қайроққум, Исфара, Турсунзода ва Фархор рост меоянд. Ин нуктаро директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2018 шумораи чунин ҷиноятҳои бақайдгирифташуда ба 278 адад баробар буда, соли сипаригардида қариб 100 адад кам шудаанд.

Зимнан, тибқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Кам гардидани ҷиноятҳои коррупсионии марбут ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин нишони волои татбиқи ин моддаи Конститутсия ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми худ ба Парлумони мамлакат моҳи декабри соли 2018 баён доштанд: «Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар мамлакат 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст.

Яъне ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шудааст ва ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони мамлакат шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд».

Ёдовар мешавем, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо ин зуҳурот дар мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 амал мекунанд.

Февраль 11, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд