Ҳилолбӣ Қурбонзода: «Тасмим гирифтем дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташхиси ройгони гирифторони ВНМО ва саратонро ба роҳ монем»

Февраль 12, 2020 11:35

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки имсол дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти бемориҳои ВНМО ва  бемории саратон ташхиси ройгони занонро ба роҳ монад. Ин нуктаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод  ба хабарнигорон иброз дошт.

Мавсуф роҳандозии ин иқдомро ба пешгирии бемориҳои ВНМО ва саратонӣ миёни занони тоҷик рабт медиҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии мамлакат, ҳоло шумораи умумии гирифторони бемории ВНМО 1320 нафарро ташкил медиҳад, ки  548 нафараш занонанд.

Зимни нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки соли гузашта муроҷиати 929 нафар шаҳрвандон  вобаста ба масъалаҳои хушунату зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода ин масъаларо шарҳ дода, гуфт, ки хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо асосан барои тақсими хона байни зану шавҳар ё аз сабаби рашк кардани якдигар  ба миён меояд.

Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарзи пӯшидани либоси бегона зикр гардид, ки дар якчанд мамлакатҳо, аз ҷумла Франсия, Белгия, Нидерландия ва Қазоқистон барои пӯшидани либоси ғайр дар қонунгузориашон ҷарима пешниҳод шудааст.

Дар моддаҳои 14 ва 15-и Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон агар ба фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забону либос эҳтиром ва арҷ намегузоранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Аз ин лиҳоз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ ва занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондааст, ки мақсад аз онҳо танҳо тарғиби либоси миллӣ мебошад.

Февраль 12, 2020 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид