ХУДНАМОӢ ДАР ИСТИҚБОЛИ НАВЗОД. Чаро мутасаддиён бетарафанд?

Февраль 19, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ 8 июни соли 2007 қабул гардид.

Ҷиҳати татбиқи қонуни миллӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти мамлакат 503 комиссияҳои доимӣ ва дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, 6632 комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият мекунанд.

Давоми 13 сол дар асоси дастури Сарвари давлат китобчаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо теъдоди як миллиону 100 ҳазор ва тафсири он бо теъдоди 60 ҳазор чоп гардида, ба ҳар як оила расонида шудааст.

Айни замон омӯзишу риояи қонуни миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст ва тавассути барномаҳои таълимиву истифодаи усулҳои гуногуни тарбиявӣ хонандагон низ аз урфу одатҳо огоҳ буда, расму оинҳоро риоя мекунанд.

Зиндагӣ собит кард, ки иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати қабули қонуни миллӣ барои муҳофизату нигоҳ доштани расму оин ва анъанаҳои миллӣ саривақтӣ ва зарурӣ буда, шароити зиндагии мардумро беҳтар карда, баргузории маъракаҳоро фароҳам овард.

Мутаассифона, нафароне пайдо мешаванд, ки дидаву дониста талаботи қонунро вайрон карда, усулҳои нави баргузории маъракаҳоро пеша мекунанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз таваллудхона бурдани навзод ба як тантанаи бошукўҳ табдил ёфта истодааст.

Воқеан, таваллуди нахустфарзанд яке аз хушиҳои фараҳбахши зиндагист ва ба ҳаёти оилаи ҷавон ҳарорату саодати дигаре мебахшад. Аз ин ҷост, ки ин рўйдоди беназирро тамоми аҳли оила бесаброна интизорӣ мекашанд.

Ба хона овардани тифл бояд ба таври маъмулӣ бошад. Аммо баъзе волидайни ҷавон як ё ду мошинро бо лўхтаку пуфак, гулу лента ва навиштаҷоти ҳархела оро дода, тифли навзодро хона мебаранд. Боиси нигаронӣ он аст, ки ин омил бо хароҷоти зиёд ба шакли мўд даромада, сабаби тақлиду пайравии сокинони мамлакат гардида истодааст ва ба қавли Саъдии Шерозӣ: «Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст…».

Хотиррасон мешавем, ки дар асоси талаботи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, ҳар се моҳ гузориши муфассал ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамоянд. Фаъолияти кори комиссияи ҷамъиятии раёсати тандурустии шаҳри Душанбе низ хуб ба роҳ монда шудааст.

Аммо сабаб чист, ки комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ин усули нави хараҷу мараҷи беҳударо пешгирӣ намекунад?

Зарур аст, ки аъзои комиссияи ҷамъиятӣ аз ҳисоби шахсони обрўманду соҳибэҳтиром интихоб гардида, дар иҷрои уҳдадориҳои худ бомасъулият бошанд.

Чунки рисолати асосии комиссияҳои ҷамъиятӣ – риояи талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро назорат ва ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои иловагиро пешбинӣ мекунанд.

Дар амалӣ намудани танзими расму оин ягон қувваи дигар бештар аз занон саҳм гирифта наметавонад ва танҳо модарон урфу одатҳоро дар зеҳну шуури наслҳо талқин мекунанд. Аз таваллуд то гусели навзод мавқеи занони табиб асосӣ буда, аксар вақт онҳо сабабгори зиёдаравӣ мегарданд.

Боварӣ дорем, ки масъулони комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти дахлдор масъалаи мазкурро ба танзим дароварда, баҳри дар амал татбиқ гардидани қонуни миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд