ИМРӮЗ – РӮЗИ ҶАҲОНИИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафтааст

Февраль 20, 2020 15:16

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар аксар кишварҳои дунё Рӯзи ҷаҳонии адолати иҷтимоиро (World Day of Social Justice), ки бо қарори махсуси Ассамблеяи Генералии СММ  аз 26 ноябри соли 2007 эълон гардидааст, таҷлил мекунанд. Шурӯъ  аз соли 2009 кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид 20 февралро ба таблиғоти миллӣ оид ба адолати иҷтимоӣ, ки ҳамасола ба мавзӯи мушаххас равона мешаванд, мегузаронанд. Мақсад аз  ҷашн гирифтани ин рӯз паст кардани сатҳи  камбизоатӣ, таъмини одамон бо шуғли пурра, кори арзанда, ноил шудан ба ҳуқуқҳои баробари мардону занон, инчунин таъмини некӯаҳволӣ ва адолати иҷтимоӣ барои ҳама қишрҳои ҷомеа мебошад.

Дар Тоҷикистон низ ин рӯзро бо баргузории ҳамоишу барномаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ таҷлил менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз паёмҳои худ ба парлумони мамлакат чунин зикр намудаанд: «Сиёсати иҷтимоии давлат, чун солҳои гузашта, ба таъмин намудани  адолати иҷтимоӣ, коҳиш додани  сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробари рушд барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ равона гардидааст».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳанӯз моҳи декабри соли 2006 бо Фармони Президенти мамлакат Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори беволситаи Сарвари давлат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба корҳои давлатӣ бештар ҷалб намудани ҷавонписарону духтарон, боло бардоштани сатҳи миёнаи музди меҳнат ва нафақа ва ғайра қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” низ аз ҷумлаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмин намудани адолати иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон  маҳсуб мешаванд.  Дар ин маврид   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатӣ  ба Маҷлиси Олӣ,  аз ҷумла чунин зикр  намуданд: «Тайи ҳафт соли охир  даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии мамлакат  соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт».

Пешвои миллат ҳамчунин  таъкид намуданд, ки «ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла вафоти  кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст».

Бояд зикр кард, ки  дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ масъалаи низоми суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрону маъюбон, таҳкими  устувори низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ, таъмини аҳолӣ бо шуғл, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа маҳсуб мешавад,  аз мавзӯъҳои муҳиму асосӣ  ба ҳисоб меравад.

Тавре масъулини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,   буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ соли 2013  1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил медод, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад.

Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯр, аз ҷумла 148 ҳазор маъюб, 5277 нафар ятими кулл ва 74 ҳазор нафар ятим зери сарпарастии давлат қарор доранд. Соли  равон  аз ҳисоби Буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд.

Масъалаи расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, дар ҳама суханронӣ ва сафарҳои кории Пешвои  миллат ба шаҳру навоҳии мамлакат, пеш аз ҳама, ба дастгирии чунин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Масъалаи мазкур дар Паём дарҷ гардида, зикр шуд, ки «дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият  солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад».

Сарвари давлат дар  Паёми навбатӣ бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа супориш доданд, ки нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта, ки ба онҳо дар асоси Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъйин шудааст, аз 1 сентябри соли 2020 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Ҳамзамон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони мамлакат Пешвои  миллат дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019  барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву муассисаҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ  2 млрд. 803,3 млн. сомонӣ  равона гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  2018  303,4 млн.сомонӣ  ё 12,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бо мақсади татбиқи чорабиниҳои сиёсати шуғл 16,9 млн.сомонӣ маблағгузорӣ  карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 600,0 ҳазор сомонӣ ё 3,7 фоиз зиёд аст. Барои ташкили истироҳати кӯдакон ва наврасон 3 млн. 279,2 ҳазор сомонӣ  ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷудо гардид.

30 декабри соли 2019 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мазкур барои се сол  қабул гардида, тадбирҳоро оид ба таъсис додани  ҷойҳои нави корӣ,  миёнаравӣ  дар бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон,  дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон,  ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, таъйин ва пардохти кумакпулӣ барои давраи бекорӣ, эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, расонидани хазматрасонии машварати касбӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва мусоидат ба шуғли занону ҷавононро дар бар мегирад. Ин тадбир низ баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидааст.

Тавре дар суҳбат ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Ҳамидов зикр кард, агар барномаҳои қаблии мусоидат ба шуғли аҳолӣ  ду солро дар бар мегирифтанд, Барномаи нави он  барои се сол  тарҳрезӣ шудааст. Агар Барномаи пешини мусоидат ба шуғли аҳолӣ  (2018-2019)  ҷиҳати  бо ҷойи кор таъмин намудан  ва дигар масъалаҳои ба шуғл фарогирии шаҳрвандон   79 ҳазору  600 нафарро дар бар мегирифт,  барномаи нав  имкони дарбаргирии  198 ҳазор шаҳрвандро дорад. Вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ба барномаи мазкур  боби махсус ворид гардидааст. Ҳадафи шомилсозии  боби мазкур рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандоне мебошад, ки  ба омӯзиши онҳо шавқу рағбат доранд.

«Тибқи Барномаи нави мусоидат ба шуғли аҳолӣ  12 ҳазор нафар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб  гардида, ба 1510  нафар шаҳрвандоне, ки дар ҷодаи ҳунарҳои мардумӣ хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд. Ҳамчунин 37 ҳазору  800 нафар шаҳрванди бекор ба касбомӯзӣ фаро гирифта  шуда, дар се соли оянда дар муассисаҳои «Маркази таълими калонсолон»-и низоми вазорат  54 ҳазору  338 нафар шаҳрванд ба таври ройгон ба касбомӯзӣ  ҷалб  карда мешаванд», — афзуд номбурда.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

                 АКСҲО  аз Амир Исоев (Спутник)  ва бойгонии АМИТ “Ховар”

Февраль 20, 2020 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»