ИНТИХОБОТ-2020: Дар ҳавзаи интихоботии Сино №4 1328 нафар бори аввал овоз медиҳанд

Февраль 28, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи интихоботии Сино №4 89393 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки 1328 нафарашон бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд. Ин нуктаро раиси ҳавзаи интихоботии Сино №4 Мӯсо Асозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Ба зикри номбурда, Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Сино №4, ки 19 декабри соли 2019 дар ҳайати 11 нафар таъсис ёфтааст, то ба ҳол дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як зумра корҳоро анҷом додааст. Аз ҷумла, 50 участкаи интихоботии ҳудудӣ таъсис дода, аъзои он муайян карда шудаанд.

«Дар ҳавза 4 нафар барои соҳиб шудан ба курсии вакили Маҷлиси намояндагон — як нафарӣ аз ҳизбҳои халқии демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалистии Тоҷикистон ва як нафар ба таври худпешбарӣ ҳуҷҷатҳояшонро ҳамчун номзад ба комиссия пешниҳод кардаанд. Ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо дар ҳавза ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. То 25 феврали соли равон зиёда аз 31 вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор ва хабарномаҳо пурра ба интихобкунандагон дастрас гардидаанд»,- гуфт Мӯсо Асозода.

Дар ҳавзаи интихоботии ноҳиявӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино низ корҳои омодагӣ зиёда аз 90 дарсад ба анҷом расидаанд.

Раиси он Зайнаб Одилова зикр кард, ки барои интихоби вакилони ноҳиявӣ 40 ҳавза ва 80 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтаанд. Дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино 40 ҷой муқаррар гардидааст, ки барои он 120 нафар номзад рақобат мекунанд. То 25 феврал хабарномаҳо ба интихобкунандагон дастрас ва дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ҳуҷраҳои овоздиҳӣ ташкил шудаанд.

Дар маҷмӯъ, корҳои омодагӣ дар ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сино №4 ва Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино хуб ба роҳ монда шуда, масъулин боварӣ доранд, ки маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Февраль 28, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад