ИНТИХОБОТ-2020: Дар Ҳисор номзадҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд

Февраль 20, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 20.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳисор №7 мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат бо сокинони ҷамоати шаҳраки Шарора баргузор гардид.

Дар он узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода сухан кард. Дар мулоқот номзадҳо Анвар  Аъзамов, Ҳасан Давлатов, Абдулвоҳид Раҳимов, ки ба тариқи худпешбарӣ аз намояндагии ҲХДТ ба қайд гирифта шудаанд, инчунин Сурайё Уроқова – номзад аз ҷониби конференсияи ҲХДТ ва  Субҳон Сатторов- номзад аз  Ҳизби Аграрии Тоҷикистон иштирокдоронро бо барномаҳои пешазинтихоботии худ шинос намуда, ба саволҳои интихобкунандагон посух доданд.

Шарифҷон Ҷумъазода зикр кард, ки аз мо -интихобкунандагон тақозо мегардад, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат намуда, роҳи минбаъдаи худро барои панҷ соли оянда муайян созем. Зикр шуд, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳавзаҳои интихоботӣ тамоми шароити мусоид  муҳайё карда шудаанд.

Гуфта шуд, ки ҲХДТ зода ва парвардаи афкори сиёсии бунёдгузор ва муассиси он- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар муддати 25 сол дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ширкати фаъолона дошта, аксари дастовардҳои давлатамон ба  фаъолияти пурсамари он тавъам аст. Ҳадафи ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо аз ҲХДТ  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ҷамоатҳои шараку деҳот аз ғояҳои асосии Барнома ва Оинномаи ҳизб сарчашма мегирад.

«Боварии комил дорам, ки шумо 1 марти соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба ҷонибдории номзадҳое овоз хоҳед дод, ки ҳимояи манфиатҳои халқу миллатро ҳадафи асосии фаъолият қарор додаанд ва овозу ҷонибдории шумо ба номзадҳо аз ҲХДТ кафили зиндагии шоиста ва орому шукуфон мебошад»,-гуфт дар анҷоми мулоқот раиси шаҳри Ҳисор.

Февраль 20, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд