Интихобот- падидае, ки ҷомеаро ба марҳилаи сифатан нав мерасонад

Февраль 18, 2020 11:08

ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. То оғози интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст, рӯзҳои башумор мондааст.

 Доир ба ин мавзӯъ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Мароми пойтахт»,  номзади илмҳои филология Ҳақназар КАРИМЗОДА  ба  АМИТ «Ховар» чунин ибрози  андеша намуд.

Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки тавассути он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 соли хеле муҳиму арзишнок маҳсуб гардида, раванди баргузории маъракаҳои қарибулвуқўъ мову шуморо барои гузариш ба давраи сифатноки нави ҷомеа ворид менамояд.

Дар тамоми давлатҳое, ки бунёди ҷомеаи демократиро пеш гирифтаанд, ҳуқуқи ба таври озод интихоб намудан ва интихоб шудан яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад. Тавре дар моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд”. Таҳлили таҷрибаҳои сиёсии давлатҳои ҷаҳон имкон медиҳад, ки навъҳои гуногуни интихобот аз ҳамдигар фарқ карда шаванд. Аз ин рў, дар ҷаҳони муосир чунин навъҳои интихоботро муайян намудаанд, ки онҳо аз ҳамдигар бо баъзе хусусиятҳои худ тафовути ҷиддӣ доранд: интихоботи президентӣ, интихоботи парлумонӣ, интихобот дар мақомоти худидораи маҳаллӣ, интихобот дар мушовараи қонунгузории субъэктҳои федератсия (масалан дар иёлатҳо, автономияҳо, ҳудудҳои мухталифи маъмурӣ) ва интихобот дар муассисаҳо. Барои он ки низоми интихоботӣ ба таври самаранок амал намояд, он бояд бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои байналхалқие, ки аз ҷониби СММ ва як зумра ташкилотҳои байналхалқӣ қабул гардидааст, мувофиқат намояд.

Масалан, дар моддаи 21-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст, ки «ҳар як инсон ҳуқуқ дорад бевосита ва ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд. Ҳар як инсон дар кишвари худ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад. Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад, ин ирода бояд ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ… бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари он, ки овоздиҳии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда шавад».

Дар ин замина ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нави интихоботи вакилони халқ 1 ва 27 марти соли равон доир гардида, ҳар шаҳрванди диёр мутобиқи орои худ метавонад мавқеашро муайян намояд. Бояд гуфт, ки интихобот яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, дар он ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон таъмин карда мешавад. Ба ифодаи дигар, интихобот ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа бавуҷудомадаро ба таври осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин карда тавонад.

Баргузор гардидани чунин чорабиниҳои афзалиятноки муайянкунанда, албатта, барои ҳар як шаҳванди диёр, махсусан ҷавононе, ки бори аввал дар ин маъракаҳои сиёсӣ иштирок ва қисме аз онҳо ба сифати вакил пешбарӣ мегарданд, боиси таъкид ва зикри махсус мебошад. Зеро мутобиқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми бештари  вакилони пешбаринамуда ба Маҷлиси намояндагон ва вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ҷавонони донишманди касбу кори гуногун ташкил медиҳанд, ки бо итминону сарфарозӣ метавон афзуд, ки чунин неруи тавонманд дар рушду пешрафи кишварамон нақши муассир мегузорад.

Таваҷҷуҳу эътимод ба неруи ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳиму асосие ба шумор меравад, ки Пешвои муаззами миллат ҳанўз аз давраи аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба он аҳамияти махсус зоҳир намуда, онро дар сархати пешбурди фаъолият қарор додааст.

Албатта, имрўзҳо шаҳру навоҳии мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе бо насби шиору овеза ва лавҳаҳои таблиғотӣ ба раванди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҳамаҷониба дидаанд ва бо эътимоду сарфарозӣ метавон илова намуд, ки ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ  метавонад дар асоси ҳуқуқи конститутсионии худ аз ин имконият ба таври самаранок истифода намояд.

Воқеан ҳам, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра  қонунҳое қабул гардидаанд, ки раванди баргузории интихоботро ба таври муфассал дар худ фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар асноду қарорҳои танзимкунанда, ки барои таъмини ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандон равона шудаанд.

Дар маҷмўъ, интихобот воситаи муҳиму арзишманди рушди ҷомеа ва мамлакат буда, иштирок дар он иҷрои қарзи шаҳрвандӣ аст. Аз ин лиҳоз, тамоми сокинони мамлакат, махсусан сокинони пойтахтро зарур аст, ки бо иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулияти шаҳрвандии худро иҷро намоянд ва дар рушди минбаъдаи Ватану давлатдории миллиамон саҳмгузор бошанд.

Февраль 18, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид