«Интурмаркет-2020». Дар ин Намоишгоҳи байналмилалӣ захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

Февраль 26, 2020 10:44

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 марти соли 2020 дар маҷмааи «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия Кумитаи рушди сайёҳӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ зери шиори «Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ» дар 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2020» муаррифӣ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Намоишгоҳи «Интурмаркет-2020» дар майдони 2800 метри мураббаъ бо иштироки 1430 ширкати сайёҳӣ, 78500 иштирокчӣ аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.

Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур муаррифии шоистаи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Дар баробари баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2020» дар шаҳри Москва 13 март дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчии аъзои ИДМ, Конгресси байналмилалии сайёҳии ИДМ+Ҷаҳон 2020 доир мегардад. Дар он густариши масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тоза касб намуда, тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувор мешавад.

Ин аст, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон пайваста зиёд мегардад.

Февраль 26, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт