Кинотеатри «Наврӯз»-и ноҳияи Ёвон навсозӣ мешавад. Умед аст, ки толори он дубора аз тамошобин пур мегардад

Февраль 19, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Барои  навсозии  Кинотеатри «Наврӯз»-и ноҳияи Ёвон корҳои сохтмонӣ шурӯъ шудаанд.  Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд бинои Кинотеатри «Наврӯз» ба МД «Тоҷикфилм» тааллуқ дошта бошад ҳам, вале Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон  барои барқарор ва рангу бор кардани он иқдом намудааст.

Кинотеатри «Наврӯз» 8  майи соли 1988 бунёд ёфта, аз ду толор: толори калон барои 600 нафар ва толори хурд барои 40 нафар  иборат мебошад.  Ҳамзамон он дорои 4 ҳуҷраи  корӣ мебошад, вале солҳост, ки  барои тамошои филм касе ба он ҷо намеравад. Мардуми ноҳия лаззати тамошои филмро дар пардаи толори кинотеатр кайҳо аз ёд бурдаанд.

Бинои мазкур солҳо рӯйи  таъмирро надидааст. Намои ҳузновар, курсиҳои шикаставу дару девори валангор ва боми харобгашта ҳолати кунунии кинотеатрро таҷассум менамоянд.

Умед аст, ки нафарони саховатпешаю фарҳангдӯст  барои барқарору ба истифода додани Кинотеатри «Наврӯз» ва ба мардум бахшидани ғизои маънавӣ саҳм мегузоранд. Умед аст, ки  толори ин кинотеатр   дубора аз тамошобинон пур мегардад.

Февраль 19, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид