Нурбибӣ Ҳоҷиева: «Пул сохтаму маро ҳоҷӣ гуфтанд»,-шарҳи матбуоти даврӣ

Февраль 6, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтае, ки сипарӣ гардид,  матбуоти даврии Тоҷикистон дар саҳифаҳои  худ рӯйдодҳои  муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии  Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд.

Нашрияи расмиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи 27 (23 882) чоршанбе, 5 феврали соли 2020  Фармонҳо ва Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба тағйироти кадрие, ки  4 феврали соли 2020 дар баъзе вазорату идораҳо ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба амал омаданд, нашр намудааст.

Хонандагони «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали  нашрияи расмии мамлакат имкон доранд таҳти унвони «Мактабсозӣ амале, ки мақбули  даргоҳи Ҳақ   аст»-ро мутолиа намоянд. Ин мақола, ки ба қалами  сардори шуъбаи  равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи  Кумитаи дин, танзими анъана  ва ҷашну маросими  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсуфов тааллуқ  дорад, дар партави ҳамовозӣ ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат навишта шудааст.  Дар мақола муаллиф қайд мекунад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид аз нуктае ёдовар шуданд, ки воқеан ҳар яки моро ба андеша водор месозад: «Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд. Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем».

Намояндаи масъули  Кумитаи дин навиштааст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодиҳои эътиқодӣ нисбатан бештар шуда, таваҷҷуҳ ба фарҳанги динӣ афзун гардид, фаъолияти муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо вусъати нав пайдо карда, миқдори онҳо хеле зиёд ва теъдоди умумияшон ба беш аз 5000 адад расид. Таълимоти ислом ҳам мо — мусулмононро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш мехонад ва ҳадиси «аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ» ҳам ба ҳамин манзур аст. Пайғамбари акрам дар ҳадиси дигар мефармоянд, ки «фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шаванд». Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки беҳтарин сармояи мо ҳамонест, ки дар роҳи илмомӯзии фарзандонамон сарф менамоем.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки соли 2019 дар мамлакат ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супурда шудааст,  ки аз ин шумора 32 муассиса аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардидааст. Итминон дорам, ки ходимони дини ҷумҳурӣ ҳам дар мавъизаҳои хеш ба сокинон гӯшзад мекунанд, ки аз сафарҳои такрорӣ ба ҳаҷ, оростани маъракаҳои пурдабдаба, ки барои худнамоӣ анҷом дода мешаванд, ҳиссагузорӣ дар сохтани мактабҳо барои насли ояндасози давлат  ҳазорон маротиба савоби бештар дорад ва мақбули даргоҳи Ҳақ аст»,-  навиштааст  Абдуғаффор Юсуфов.

Инчунин нашрияи «Ҷумҳурият» таҳти унвони  «Ихвон-ул-муслимин» назаре ба таърих  ва ҳадафҳои пасипардагии  ин ҳаракати эстремистӣ» мақолаи муовини директори  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Раҳмонзодаро чоп намудааст, ки дар он чунин  гуфта мешавад: «Ҳаракати экстремистии «Ихвон – ул — муслимин» бо истифода аз шиорҳои авомфиребонаи баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, муъмин бародари муъмин ва амсоли ин мардумонро гумроҳ карда, ба сафҳои худ ҷалб менамояд…

Ихвон-ул-муслимин» мисли ҳамаи ҳаракатҳои сиёсии динӣ вуҷуди давлатҳои миллиро намепазирад ва дар пайи бунёди давлатҳои фаромиллӣ ва динмеҳвар ҳадафҳои худро ба роҳ мондааст. Ихвониён баробарҳуқуқии зану мардро таъмин карда наметавонанд. Барои онҳо ба мисли тамоми равияҳои дигари исломи сиёсӣ, ки маншаъ аз дастуроти шариатӣ мегиранд, занон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеа эътироф намешаванд».

Ҳамзамон  хабарнигорони «Ҷумҳурият»  дар шумораи 5 феврали соли 2020, роҷеъ ба рушди минтақаҳо ва раванди  корҳои бунёдкорӣ  дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, хусусан омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва маъракаи муҳими сиёсӣ–интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони  халқи ноҳия ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавод омода  намудаанд. Инчунин аз ҷараёни баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳои мамлакат  хабару гузоришҳо  дар ин нашрияи расмӣ таҳия ва ҷой дода шудаанд.

«Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 16-17 (4122-4123) сешанбе, 4 феврали соли 2020   дар радифи  чопи иттилоия марбут ба таъйиноти кадрӣ дар вазорату идораҳои мамлакат, ки  4 феврал аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал бароварда шуд, инчунин гузоришу мақолаҳоро таҳти унвони «Омодагӣ ба интихобот  дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ», «Паёми  Пешвои миллат  ва масъалаҳои рушди маърифат»,  «Саидҷаъфар Усмонзода: «Мо ифтихор мекунем, ки низоми давлатдориамон демократӣ аст», «Меъёрҳои конститутсионии низоми  интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ибтикори созанда самараи нек меорад», «Китоб –кафили солимфикрии  фарзандон»-ро ҷой додаст, ки қобили мутолиа мебошанд.

«Народная газета»- нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 6 (20236), чоршанбе,   5 феврали соли  2020 чун дигар нашрияҳои расмии мамлакат Фармони   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040, инчунин Фармонҳо, Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистонро марбут ба таъйиноти кадрӣ дар бархе аз вазорату идораҳо ва мақомоти қудратии ҷумҳуриро интишор намудааст. Хонандагони нашрия имкон доранд, ки аз саҳифаҳои он  гузоришу мақолаҳоро доир ба маъракаи муҳими сиёсӣ–интихоботи парлумонӣ, ки моҳи марти соли равон дар ҷумҳурӣ доир мегардад,   таҳти унвони «Выборы как институт демократии»,  «Абдурахмон Хонов: «Нынешние выборы отличаются  от предыдущих», «Лицом к лицу» — новый способ агитации на выборах -2020», «СМИ в освещении выборов», «Окружная избирательная комиссия района Сино №4 готова к важному политическому мероприятию» мутолиа намоянд. Ҳамзамон дар саҳифаҳои ин нашрияи расмии русизабони Тоҷикистон хабару гузоришҳо аз баргузории  нишастҳои матбуотӣ  дар вазорату идораҳои мамлакат  ва дигар мавзӯъҳои мубрам аз ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимои фарҳангии Тоҷикистон, хусусан дар мавзӯъҳои Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  нашр гардидаанд.

Нашрияи  марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  /ҲХДТ/ «Минбари халқ»  дар шумораи 6 (1247), чоршанбе, 5 феврали соли 2020 дар баробари нашри хабару гузоришҳо аз фаъолияти ҲХДТ  инчунин  гузоришу мақолаҳоро  доир ба маъракаи муҳими сиёсии мамлакат-интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Интихобот-ифодаи иродаи халқ», «Ҷаласаи  ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ», «Рӯ ба интихобот»,  «Навиди ситодҳои интихоботӣ» -ро мунташир намудааст.

Инчунин рӯзноманигорони нашрияи ҲХДТ  вобаста ба баъзе зуҳуроти номатлуб, ки имрӯзҳо ҷомеаи байналмилалиро ба ташвиш овардаанд, аз қабили  ифротгароӣ ва терроризм  мавод таҳия намудаанд, ки «Ихвон-ул-муслимин»-тавлидгари ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ»  ва «Нақши таҳаммулгароӣ дар пешгирии экстремизм» аз ҳамин қабиланд. Хонандагони «Минбари халқ» ҳамзамон имкон доранд аз ин шумора  мақолаҳоеро таҳти унвони «Солимии аҳолӣ  ҷузъи сиёсати  давлат аст», «Саразм ҳамчун маркази  ҳунармандӣ  ва шаҳрсозӣ», «Ду нигоҳ ба зиндагиномаи Устод Айнӣ», «Каломи адиб танҳо сухан нест», «Камоли одамӣ аз илм бошад…» -ро мутолиа намоянд.

Нашрияи   «Мароми пойтахт» дар шумораи навбатии худ барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  ва гузориши муфассалро  аз боздиди Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти пойтахт нашр намудааст. «Фаъолияти мо бояд фарогир ва муассир  бошад»таҳти чунин ном андешаҳои муовини якуми ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар робита ба санаҳои муҳиму сиёсии мамлакат оварда шудаанд. Дар он аз ҷумла гуфта шудааст, ки «мо – ҳамсафон бояд дар ақидаи худ устувор бошем, ба арзишҳои давлати демократӣ ва миллӣ арҷ гузорем, барои фароҳам овардани зиндагии арзишманди тамоми қишрҳои ҷомеа, ки аз шиорҳои асоси барномавии ҳизби мост, замина гузорем. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо ба эътироф ва ҷонибдории мардум сазовор хоҳем шуд».

Мусаллам аст, ки интихобот-2020 аз муҳимтарин рӯйдоди сиёсии мамлакат дар соли 2020 буда, сармуҳаррири нашрия Ҳақназар Каримзода вобаста ба он мавод  таҳия намудааст, ки дар он гуфта мешавад: «Интихобот василаи муҳиму арзишманди рушди ҷомеа ва кишвар буда, иштирок дар он иҷрои қарзи шаҳрвандӣ аст. Аз ин лиҳоз, тамоми сокинони мамлакат, махсусан сокинони пойтахтро зарур аст, ки бо иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ мсъулияти шаҳрвандии худро иҷро намоянд ва дар рушди минбаъдаи давлату давлатдории миллиамон саҳмгузор бошанд».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд