Нуриддин Саид: «Кормандони соҳаи телевизион ва радио дар хориҷи мамлакат такмили ихтисос хоҳанд кард»
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Кормандони шабакаҳои телевизиони давлативу хусусӣ ва радиоҳои мамлакат минбаъд ба курсҳои омӯзишии семоҳа ва шашмоҳаи такмили ихтисос ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд», — иттилоъ дод Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 5 феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод.
Ба иттилои Н.Саид, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили ихтисоси кормандони шабакаҳои телевизиони давлативу хусусӣ ва радиоҳои мамлакат дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Маркази «Дурахшандагон»-и Вазорати мазкур ҷиҳати таъмини молиявии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати мамлакат мактуб ирсол намудааст.
«Мо аллакай ба сохторҳои марбутаи омоданамоии мутахассисон соҳаи телевизион ва радиои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар кишварҳои аврупоӣ барои фиристодани донишҷӯёни соҳаи журналистикаи мамлакат, бахусус он ихтисосҳое, ки имрӯз дар соҳаи телевизион ва радио ба онҳо эҳтиёҷоти бештар дида мешавад, ба монанди наворбардорон, таҳиягари телевизион ё радио, ороишгар ва дигар ихтисосҳо мактуб фиристодем», — илова намуд Раиси Кумитаи телевизион ва радиои мамлакат.
Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки барои беҳтар намудани сатҳи касбияти рӯзноманигорони ВАО-и мамлакат дар назди Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барномаҳои фарогири такмили ихтисоси рӯзноманигорон бо ҷалби мутахассисони соҳа аз хориҷи мамлакат ба роҳ монда мешаванд. «Дар чунин барномаҳо он паҳлӯҳои назариявии соҳа, ки рӯзноманигор аллакай дар донишгоҳ хондааст, баррасӣ нахоҳад шуд, балки таваҷчуҳ бештар ба он самтҳое равона мегардад, ки имрӯз дар фаолияти рӯзноманигорӣ ниёз ба онҳо бештар аст», — таъкид дошт Н. Саид.








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид






