Нусратулло Давлатзода: «Кумитаи андоз яке аз аввалин мақомоти давлатие мебошад, ки зинаи аввали таҳияи Консепсияи Ҳукумати электрониро бомуваффақият ба итмом расонид»
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин мақомоти давлатие мебошад, ки зинаи аввали таҳияи Консепсияи Ҳукумати электрониро бомуваффақият ба итмом расонида, ба таври системавӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ маҷмӯи хизматрасониҳои электронии давлатиро ба роҳ мондааст. Кумита соли сипаригардида барои андозсупорандагон 16 намуди хизматрасониҳои нави электронӣ роҳандозӣ намуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи мазкур, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар нишаст раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зикр кард, ки айни замон бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупорандагон дар маҷмӯъ 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод мегардад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ба раванди гузариши онҳо ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшида шуд.
«Дар натиҷа соли 2019 шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 60 ҳазор зиёд карда шуда, айни замон бештар аз 138 ҳазор субъектҳои хоҷагидор имкони анҷом додани чунин амалиёт доранд»,- афзуд раиси Кумитаи андоз.
Зимнан, аввали моҳи июни соли 2019 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андозсупорандагон «Портали хизматрасониҳои электронӣ» роҳандозӣ намуд.
«Портали хизматрасониҳои электронӣ» барои андозсупорандагон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои мамлакат 10 майи соли 2019 баён намуда буданд, таҳия ва пешниҳод гардид.
Он замон дар маросими рӯнамоии Портали мазкур муовини аввали Раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солеҳзода изҳор дошт, ки «ин тадбир барои фароҳам овардани шароити мусоид ба андозсупорандагон ва осон гардонидани истифодаи хизматрасониҳои электронӣ барои иҷрои уҳдадориҳои андозӣ нақши муассир мегузорад. Роҳандозии он барои пешгирии амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ байни андозсупоранда ва корманди мақомоти андоз мусоидат менамояд».
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат барои татбиқи рушди стратегияи миллӣ аз соли 2011 Консепсияи Ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тавсиб расонид. Амалигардонии ин Консепсия дар ду марҳила, яъне марҳилаи аввал- ибтидоӣ-омодасозӣ (солҳои 2011-2014) ва дар марҳилаи дуюм (2015-2018) зина ба зина воридшавии мақомоти давлатӣ ба шабакаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






