ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад

Февраль 27, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок  шуда,  дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Танҳо дар ноҳияҳои ғарбии вилоят шабона боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, бориши борон ва барф дар назар аст.  Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат меборад.    Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва   рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво  абрнок шуда, борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 18-23 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда то 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.  Нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда, то 0+5 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барфи тар  меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориш шиддат мегирад.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 9-14 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 27, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид