Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Paris Grand Slam 2020» иштирок мекунанд

Февраль 6, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки 8-9  феврали соли равон дар шаҳри Парижи Франсия доир мегардад, ширкат меварзанд. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба  иттилои номбурда, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд. Инҳо  Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков- ҳарду дар вазни то 73 кг, Акмал Муродов дар вазни то  81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то  90 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кг мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи  «Paris Grand Slam 2020» иштироки 740 нафар варзишгар (446 мард ва 294 зан) аз 121 кишвари панҷ қитъаи дунё дар назар аст. Ширкаткунандагони мусобиқаи «Paris Grand Slam 2020» инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд.

Бояд зикр кард, ки  паҳлавонони  тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

Февраль 6, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд