Парвандаҳо оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» афзудаанд
ДУШАНБЕ, 03.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо дахли риояи талаботи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имрӯз Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти хабарӣ ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта баён кард, ки аз ҷониби судҳо соли гузашта оид ба вайрон кардани талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қариб 700 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудаанд. Дар натиҷа нисбат ба 686 нафар ба маблағи умумии беш аз 3,3 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст. Инчунин теъдоди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доир ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз 15 ҳазорро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли 2018 381 адад зиёд буда, дар маҷмӯъ нисбат ба 5669 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 8553 нафар ба маблағи 1 миллиону 370 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.
Зикр шуд, ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида беш аз 156 ҳазор парванда ва дархосту пешниҳод ворид гардидаанд, ки ин омор дар қиёс ба соли 2018 5616 адад зиёд мебошад. Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ зикр намуд, ки аз парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум беш аз 14 ҳазор ададро парвандаи гражданӣ, 42 359 ададро парвандаи оилавӣ, беш аз 10 ҳазорро парвандаи ҷиноятӣ ва зиёда аз 50 ҳазорро парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷамъи хабарнигорон доир ба масъалаи баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат гуфт, ки бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо миёни аҳолӣ қариб се ҳазор маротиба дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ суҳбат карда, инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ зиёда аз 11 294 вохӯрию мулоқот доир намуданд.








Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд






