«Помирстон» ва «Суман» театри навбунёди Бадахшонро бо сангҳои табиии маҳаллӣ ороиш медиҳанд

Февраль 14, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо масъулини ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Помирстон» ва «Суман»-и ҳудуди вилоят, ки ба тайёр намудани навъҳои гуногуни ашёи сохтмонии аз санг тайёршуда машғуланд, мулоқот анҷом дод.

Зимни он мавсуф иброз намуд, ки дар навбати аввал маҳсулоти ин ду ширкати сохтмонӣ барои ороиши театри навбунёди вилоятӣ ва атрофи он истифода хоҳад шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилоят зикр кард, ки таҷрибаи фаъолияти ин ду ширкат дар бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ нишон дод, ки маҳсулоти тайёрнамудаи онҳо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии сохтмонӣ мебошад. Ба андешаи раиси вилоят, идома додани ин анъана дар сохтмони муассисаҳои таълимии навбунёд ва аз нав кардани роҳравҳои марказии шаҳр ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ёдгор Файзов  гуфт, ки ВМКБ дорои захираи бузурги сангҳои гуногуни табиӣ буда, истифодаи ин сангҳо дар сохтмонҳо, аз як тараф агар ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани буҷаи андоз мусоидати хуб дошта бошад, аз сӯи дигар он ба намуди зоҳирии сохтмонҳо ҷилои тоза бахшида, ҳамчун манбаи ашёи сохтмонии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дорои муҳлати истифодаи тӯлонӣ хизмат хоҳад кард.

Дар баробари  ин дар мулоқот роҳбарони ҶДММ «Помирстон» ва ҶДММ «Суман», ки ин ду ҷамъияти ватанӣ асосан ба тарошидани сангҳои маҳаллӣ машғуланд, аз омодагии худ ҷиҳати анҷом додани фармоишҳои паймонкорон маълумот доданд.

Ба кор бурдани сангҳои табиии маҳаллӣ дар бунёди манзилҳои навсохти худуди ВМКБ аз вазифаҳои муҳими рушди минбаъдаи бахши сохтмон  ном бурда шуд.

Февраль 14, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон