«Помирстон» ва «Суман» театри навбунёди Бадахшонро бо сангҳои табиии маҳаллӣ ороиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо масъулини ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Помирстон» ва «Суман»-и ҳудуди вилоят, ки ба тайёр намудани навъҳои гуногуни ашёи сохтмонии аз санг тайёршуда машғуланд, мулоқот анҷом дод.
Зимни он мавсуф иброз намуд, ки дар навбати аввал маҳсулоти ин ду ширкати сохтмонӣ барои ороиши театри навбунёди вилоятӣ ва атрофи он истифода хоҳад шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилоят зикр кард, ки таҷрибаи фаъолияти ин ду ширкат дар бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ нишон дод, ки маҳсулоти тайёрнамудаи онҳо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии сохтмонӣ мебошад. Ба андешаи раиси вилоят, идома додани ин анъана дар сохтмони муассисаҳои таълимии навбунёд ва аз нав кардани роҳравҳои марказии шаҳр ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ёдгор Файзов гуфт, ки ВМКБ дорои захираи бузурги сангҳои гуногуни табиӣ буда, истифодаи ин сангҳо дар сохтмонҳо, аз як тараф агар ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани буҷаи андоз мусоидати хуб дошта бошад, аз сӯи дигар он ба намуди зоҳирии сохтмонҳо ҷилои тоза бахшида, ҳамчун манбаи ашёи сохтмонии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дорои муҳлати истифодаи тӯлонӣ хизмат хоҳад кард.
Дар баробари ин дар мулоқот роҳбарони ҶДММ «Помирстон» ва ҶДММ «Суман», ки ин ду ҷамъияти ватанӣ асосан ба тарошидани сангҳои маҳаллӣ машғуланд, аз омодагии худ ҷиҳати анҷом додани фармоишҳои паймонкорон маълумот доданд.
Ба кор бурдани сангҳои табиии маҳаллӣ дар бунёди манзилҳои навсохти худуди ВМКБ аз вазифаҳои муҳими рушди минбаъдаи бахши сохтмон ном бурда шуд.









Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






