Рамазон Раҳимзода: «Тамоми ҳайати ВКД барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми интихоботи Маҷлиси намояндагон ҷалб мегарданд»
ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2020 доир мегардад, ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода сухан гуфт.
«Ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон омодагии ҷиддӣ ҷараён дорад. Барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ нақшаи махсус таҳия шуда, комиссияи байниидоравӣ таъсис ёфтааст, ки имрӯз кори худро оғоз мекунад. Итминон дорам, ки интихоботи дарпешистода дар фазои ором баргузор хоҳад шуд»,-чунин изҳори боварӣ намуд Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода.
Вазири корҳои дохилии мамлакат ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 160 нафар иштирокчиёни созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуданд. Миёни онҳо-аъзои гурӯҳҳои дар ҷумҳурӣ мамнӯъгардидаи «Бародарони мусалмон» («Ихвон-ул-муслимин»), ҳаракати «Толибон» ва Ҳизби наҳзати исломӣ буданд.
Ғайр аз он, бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тақрибан 250 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар амалиёти ҷангӣ дар дигар кишварҳо иштирок кардаанд, ихтиёран ба ватан баргаштанд.
Рамазон Раҳимзода дар бораи вазъи ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҷиноятҳо дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дода, зикр кард, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 946 ҷиноят (дар соли 2018 -21957) ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 83,5% -ро ташкил дод (соли 2018-82,3%). Аз инҳо 11309 ё 62% ҷиноятҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуда, фоизи ошкоршавӣ 90% -ро ташкил медиҳад (2018-90.0%).
Соли 2019 90 далели куштор, 126 — расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 46 — таҷовуз, 28 — ғоратгарӣ, 5 — одамфурӯшӣ, 140 – ғоратгарӣ, 1139 — авбошӣ, 2294 — қаллобӣ, 5328 — дуздӣ, 32 — тамаъҷӯӣ ва ғайраҳо ба қайд гирифта шуданд.









Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






