Рамазон Раҳимзода: «Тоҷикистон аз лиҳози содиршавии ҷиноят дар ИДМ дар сатҳи паст ва дар самти кушодани ҷиноятҳо дар зинаи баланд мавқеъ дорад»
ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози содир гардидани ҷиноят дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сатҳи паст қарор дошта, дар самти кушодани ҷиноятҳо дар зинаи баланд мавқеъ гирифтааст. Тамоюли ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон соли гузашта коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал –полковники милитсия Рамазон Раҳимзода 14 феврал дар ҷамъи намояндагони сершумори расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ дар Душанбе, ки аз фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар соли сипаригардида гузориш медод, ибрози назар кард.
Рамазон Раҳимзода афзуд, ки соли 2019 дар ҷумҳурӣ беш аз 21,9 ҳазор ҷиноят содир гардида, 85,5 фоизи ҷиноятҳо ошкор гардидааст. Генерал –полковники милитсия зикр кард, ки 11 ҳазору 309 ё 62 фоизи ҷиноятҳои содиргардида аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардида, фоизи кушодашавии ҷиноятҳо 90 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ соли гузашта 97 ҳолати куштор, 126 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, таҷовуз ба номус — 46, роҳзанӣ — 29, одамрабоӣ — 5, ғоратгарӣ 144, авбошӣ 1152, қаллобӣ — 2812, дуздӣ – 5346 ва беш аз 3500 дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ содир гардидааст.
Инчунин соли сипаришуда кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат 27 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар самти терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, нашъаҷалобӣ, роҳзаниро ошкор намуданд, ки дар натиҷа беш аз 200 нафар дастгир шуданд.








Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






