«Рушди маънавиёт — омили солимии фард ва ҷомеа» — таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиши маърифатию тарбиявӣ доир гардид

Февраль 24, 2020 13:03

ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Рушди маънавиёт- омили солимии фард ва ҷомеа» — таҳти чунин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиши маърифатию тарбиявӣ, ки он бо ташаббуи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ доир карда шуд, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуаллим Норасов сухан карданд.

Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе торафт зебову шукуфон гашта, ба сокинонаш шароити хуби фаъолият ва зиндагонии осоишта фароҳам овардааст.

Мавсума Муинӣ мақсади бургузор намудани ин ҳамоиши  маърифатию тарбиявиро дар ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарғиби ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, ҳифзи солимии моддиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа вобаста донист. Чунин ҳамоишҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Дашанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, дар ҳамаи муассисаҳои олии пойтахт гузаронида мешаванд.

М. Муинӣ дар идома ҷавононро ҳушдор дод, ки аз ҳар гуна амалҳои номатлуб ва бегонапарастӣ канораҷӯӣ намуда, танҳо дар фикри хондану рафтори намунавӣ бошанд. Мавсуф оид ба одоби шаҳрнишинӣ, риояи меъёрҳои либоси миллӣ, корҳои ободонӣ дар шаҳр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози андеша намуд.

Олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон, ходимони дин вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои риояи қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ муҳиму саривақтӣ мебошад. Паёми мазкур  барои ҳар як сокини мамлакат, бахусус ҷавонон дастуру раҳнамо ва қутбнамои фаъолият мебошад.

Инчунин зикр гардид, ки ноболиғону ҷавононро зарур аст дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вақти пурқимати худро сарфи корҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон забонҳои хориҷӣ омӯзанд ва ин диёри биҳиштосоямонро ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Ташкилкунандагони ҳамоиш аз корҳои ободониву созандагии шаҳри Душанбе, ки солҳои охир вусъати тоза касб кардаанд, ёдовар шуда, таъкид карданд, ки тайи солҳои охир бо ташаббуси шаҳрдорӣ дар ҳудуди пойтахт садҳо толору майдончаҳои варзишӣ бунёду навсозӣ гардиданд. Онҳо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон нақши муҳим мебозанд.

Февраль 24, 2020 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд
Сарбоз Ҳасани Назар: «Шароити муҳайëгардида дар қисмҳои низомӣ имкон дод, ки дониши худро сайқал дода, сазовори 70000 сомонӣ шавам»
Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муайян гардиданд
««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» ҷамъбаст гардид
Ба «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хроматографи ионӣ супорида шуд
Сарояндаи тоҷик, ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!» Фаррух Ҳасановро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд
Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад шинос шуд