Шерхон Салимзода: «Мо ба воридшавии маводи нашъадор ва содир гардидани он ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштаем»
ДУШАНБЕ, 14.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мо ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили мамлакат ва минбаъд аз Тоҷикистон содир гардидани он ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштаем. Ин нуктаро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни нишасти матбуотии Агентии мазкур, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён дошт.
Тавре мавсуф мегӯяд, солҳои охир дар Тоҷикистон сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфтааст. Шумораи нашъамандон дар мамлакат аз 8 ҳазору 645 нафари соли 2008 дар моҳи январи соли 2020 ба 5 ҳазору 375 нафар расидааст, ки мутаносибан 37,8 фоиз коҳиш ёфтааст.
Соли сипаригардида аз муомилоти ғайриқонунӣ 291 килограмму 423 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ин шумора нисбат ба соли 2018 424 килорамму 718 грамм ё 2,4 маротиба кам мебошад.
Дар маҷмӯъ, — гуфт директори Агентӣ, татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ, дар маҷмӯъ тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат мусоидат намуданд.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






