Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро ба ҳузур пазируфт

Февраль 27, 2020 08:09

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро ба муносибати ба итмом расидани маъмурияти дипломатияш  ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаластинро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин 6 марти соли 1992 барқарор шуданд.

Давлати Фаластин Сафири ғайримуқими худ дар Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро (бо иқоматгоҳ дар Тошканд) 5 марти 2014 таъйин намуда буд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Февраль 27, 2020 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид