ТАШХИСИ РОЙГОН! «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» онро бахшида ба Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар барои занону духтарон ташхиси ройгон ба роҳ мемонад.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, иқдоми мазкур аз 1 то 8 март идома ёфта, муроҷиаткунандагон аз рӯи намудҳои кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б ба таври ройгон аз ташхис гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон дар ин озмоишгоҳ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 март ҳамаи шаҳрвандон метавонанд барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б ройгон ба ташхис фаро гирифта шаванд.
Хоҳишмандон метавонанд аз соати 08:00 то 11:00 наҳорӣ накарда, ба озмоишгоҳи мазкур, ки дар шаҳраки Шифобахш (Қараболо) ҷойгир аст, муроҷиат намоянд.








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






