ТУТ гурӯҳи коршиносонро дар робита ба бемории коронавирус ба Чин равон намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи коршиносони варзидаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) барои омӯхтани вазъияти дар натиҷаи коронавирус пайдошуда ба Чин рафтанд, иттилоъ дод директори генералии ин ташкилот Тедрос Адхан Гебрейесус, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
ТУТ охири моҳи январ эълон намуд, ки ба наздикӣ коршиносони байналмилалӣ ба Чин рафта, ба олимони чинӣ дар омӯхтани коронавируси нав ва роҳҳои мубориза бо он кумак менамоянд.
«Ман худи ҳозир дар фурудгоҳ будам ва аъзои гурӯҳи пешбари ҳайати байналмилалии коршиносони ТУТ оид ба вазъияти баамаломада дар робита ба коронавируси 2019nCov –ро ба Чин гусел намудам»,- менависад директори генералии ташкилот дар «Twitter».
Ӯ илова намуд, ки ба гурӯҳ доктор Брюс Эйлворд, ки дорои таҷрибаи ғанӣ дар ҳолатҳои фавқулодаи қаблӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад, роҳбарӣ менамояд.








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






