Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Дар роҳҳои мошингарди кӯҳӣ эҳтиёткор бошед!
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боришоти зиёд дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва гармшавии ҳарорати ҳаво сабаби фаромадани тарма ва сангрезӣ гардида, дар шоҳроҳҳои «Душанбе-Рашт-Лахш», «Душанбе-Чаноқ», «Шамсиддини Шоҳин-Ванҷ» ва «Хоруғ-Ишкошим» вазъият нигаронкунанда боқӣ мондааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар шоҳроҳи «Душанбе — Чаноқ» (аз километри 54 то 84) 17 ҳолат ва дар қитъаи роҳи мошингарди «Нуробод — Сангвор» якчанд ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуданд.
Хадамоти роҳнигоҳдории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати IRS барои бартараф кардани ҳолатҳои мазкур техникаҳои махсус ҷудо намуданд. Айни замон қисмати роҳи мошингарди «Нуробод — Сангвор» тоза ва ҳаракати нақлиёт таъмин карда шуд. Инчунин ҳоло дар шоҳроҳи «Душанбе -Чаноқ» корҳо идома дошта, ҳаракати нақлиёт дар наздиктарин фурсат таъмин карда мешавад.
Барои таъмини бехатарии ҳаракати ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кумакҳои фаврӣ дар ҳолати кунунӣ дар қитъаҳои мухталифи шоҳроҳҳо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ кор бурда истодаанд.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намуда, хеле эҳтиёткор бошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳолати сар задани ҳолатҳои фавқулода ва ё ҳолати ногувор дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои боварии 112, 93 880 28 19 ва ё 223 13 11 бо қисмҳои навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар тамос шаванд.
Акс аз бойгонӣ








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






