Дар Кӯшониён Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониё 6 феврал конфронси вилоятӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм барпо гардид. Дар кори он муовини вилояти Хатлон Фируза Бурихонзода ва раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки илм ва баробарии зану мард унсурҳои ҷудонопазири ноил гаштан ба ҳадафҳои рушд мебошанд, аз ҷумла, он барномаҳое, ки дар рӯзномаи пешрафти устувори соли 2030 омадаанд. Тӯли 15 соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҷалби занону духтарон дар илм ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Бо вуҷуди ин, занону духтарон то ҳанӯз дар ин ҷода ба маҳдудиятҳо дучор меоянд.
Дар умум, дар вилояти Хатлон ҳоло 66 олима фаъолият доранд.
Бояд зикр намуд, ки солҳои 2020-2040 дар Тоҷикистон «Биссолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва метематика дар соҳаи илм ва маориф» эълон шудаанд. Аз ин рӯ, барои ҷалби бештари занону духтарон ба омӯзиши илмҳо тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Дар ҷараёни конфронс олимаҳо аз донишгоҳҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара маърӯзаҳо манзур намуданд.
Тавре Фирӯза Бурихонзода иброз дошт, шумораи заноне, ки машғули корҳои илмиянд, сол аз сол меафзояд. «Ин шаҳодати он аст, ки роҳбарияти мамлакат ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд»,- гуфт ӯ.
Дар ҷамъбасти конфронс олимаҳои хизматнишондода бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм ҳамсола 11 феврал ҷашн гирифта мешавад.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






