Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани иҷозатномаҳои ҳуқуқи истихроҷи чанд номгӯи канданиҳо озмун эълон намуд

Февраль 4, 2020 09:39

 ДУШАНБЕ, 02.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани иҷозатномаҳои ҳуқуқи истихроҷи барити кони «Теппаи Барит»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, истихроҷи гаҷсанги кони «Ким»-и шаҳри Исфара, истихроҷи гаҷсанги кони «Вешист»-и шаҳри Панҷакент, истихроҷи гаҷсанги кони «Исфара»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд, истихроҷи гаҷсанги қитъаи Гургчашмаи кони «Шаршар»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, истихроҷи данбурити кони «Яккархар»-и ноҳияи Мурғоб ва истихроҷи сангҳои нимқиматбаҳои скаполити  кони «Кукурт»-и  ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  озмун эълон намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар зер матни пурраи эълони озмун, номгӯи объектҳо, шартҳои асосии озмун ва дигар талаботҳои заруриро пешкаши хонандагон мегардонем:

«Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №110 ва супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2019, №22/3-141  барои додани иҷозатномаҳои ҳуқуқи истихроҷи барити кони «Теппаи Барит»-и (Баритовая Горка) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, истихроҷи гаҷсанги кони «Ким»-и шаҳри Исфара, истихроҷи гаҷсанги кони «Вешист»-и шаҳри Панҷакент, истихроҷи гаҷсанги кони «Исфара»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд, истихроҷи гаҷсанги қитъаи Гургчашмаи кони «Шаршар»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, истихроҷи данбурити (бор)  кони «Яккархар»-и (Ак-Архар) ноҳияи Мурғоб ва истихроҷи сангҳои нимқиматбаҳои скаполити  кони «Кукурт»-и  ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон,  озмун эълон менамояд»,  илова намуд манбаъ.

р/т Номгўи объект Кандании фоиданок Шартҳои асосии Озмун Минтақаи ҷойгиршавӣ ва тавсифи мухтасари қитъаи қаъри замин Андозаи хироҷ барои иштирок дар Озмун ва мушаххасоти бонкӣ барои пардохти он Андозаи ибтидоии бонуси обунавӣ Андозаи хароҷот барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, рушди инфрасохтор ва омодасозии кадрҳои миллӣ
А 1 2 3 4 5 6 7
1 Кони «Теппаи Барит»-и (Баритовая Горка) барит Дарҷи муҳлати иҷроиши корҳо:

— ҳаҷми маблағи

сармоя оид ба

азхудкунии

кон

— таҳияи лоиҳаи

коркарди кон;

— истеҳсоли

маҳсулоти

ниҳоӣ.

 

Кони барит дар саргаҳи сойҳои Қизилаълам ва Таглисой, 30 км ба самти шимолу шарқи кони Чоруқдаррон ҷойгир шудааст. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба ноҳияи Б. Ғафуров дохил мешавад. Баландиҳои мутлақи кон 1500-1800 метр баробар аст. Кони мазкур соли 1926 кашф гардида, захираҳои он бо файзнокии миёнаи 55% барит ва бо категорияҳои саноатӣ А+В+С1 ҳисобӣ шуда, дар тавозуни умумии захираҳои барит ба қайд гирифта шудаанд.

 

 

50 — карат нишондиҳанда барои ҳисобҳо

 

3 966 732 сомонӣ Пешбинии андозаи хароҷот барои ҳалли  масъалаҳо
2 Кони «Ким» гаҷсанг Дарҷи муҳлати иҷроиши корҳо:

— ҳаҷми маблағи

сармоя оид ба

азхудкунии

кон

— таҳияи лоиҳаи

коркарди кон;

— истеҳсоли

маҳсулоти

ниҳоӣ.

 

Кони гаҷсанги «Ким» дар масофаи 12км самти ҷанубу шарқи деҳаи Ким, 110 км шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст. Кон  аз ҷиҳати маъмурӣ ба шаҳри Исфара тааллуқ дорад. Баландиҳои мутлақи майдони кон 975-1050 м мебошад.  Кони гачсанги «Ким» дар майдони Шарқии кони Исфара ҷойгирбуда захираҳои  аз рўи категорияи С1 ҳисобӣ шудаанд. Аз рўи мусоидии шароити куҳӣ-техникӣ, кон барои коркарди кушод мувофиқ аст. 50 — карат нишондиҳанда барои ҳисобҳо

 

222 699,69 сомонӣ Пешбинии андозаи хароҷот барои ҳалли  масъалаҳо
3 Кони «Вешист» гаҷсанг Дарҷи муҳлати иҷроиши корҳо:

— ҳаҷми маблағи

сармоя оид ба

азхудкунии

кон

— таҳияи лоиҳаи

коркарди кон;

— истеҳсоли

маҳсулоти

ниҳоӣ.

 

Кони гаҷсанги «Вешист» дар соҳили рости дарёи Зарафшон, назди деҳаи Вешист ҷойгир шуда, аз ҷиҳати маъмурӣ ба шаҳри  Панҷакент тааллуқ дорад. Баландии мутлақи майдони он ба 1300 метр баробор аст. Кони мазкур соли 1957 кашф гардидааст ва бори аввал аҳамияти саноатии он аз тарафи гуруҳи маводи сохтмонии Экспедитсияи иктишофи геологии Рават муқаррар карда шудааст. Захираҳои ҳисобишудаи кон аз рўи категорияҳои А+В+С1 муайян гардидааст. 50 — карат нишондиҳанда барои ҳисобҳо

 

797 711,4 сомонӣ Пешбинии андозаи хароҷот барои ҳалли  масъалаҳо
4 Кони «Исфара» гаҷсанг Дарҷи муҳлати иҷроиши корҳо:

— ҳаҷми маблағи

сармоя оид ба

азхудкунии

кон

— таҳияи лоиҳаи

коркарди кон;

— истеҳсоли

маҳсулоти

ниҳоӣ.

 

Кони гаҷсанги Исфара, дар шаҳри Исфара вилояти Суғд  ҷойгир буда, захираҳояш аз руйи категорияи А+В+С1 ҳисобӣ шудаанд.

 

50 — карат нишондиҳанда барои ҳисобҳо

 

1 631 500,2 сомонӣ Пешбинии андозаи хароҷот барои ҳалли  масъалаҳо
5 Қитъаи Гургчашмаи кони «Шаршар» гаҷсанг Дарҷи муҳлати иҷроиши корҳо:

— ҳаҷми маблағи

сармоя оид ба

азхудкунии

кон

— таҳияи лоиҳаи

коркарди кон;

— истеҳсоли

маҳсулоти

ниҳоӣ.

 

Қитъаи Гургчашма дар масофаи 200-300м самти шимолу шарқии кони гаҷсангии «Шаршар» ва 57 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе, ҷойгир шудааст. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба ноҳияи Хуросон тааллуқ дорад. Баландии мутлақи майдони қитъаи Гургчашма 1148-1200м мебошад. Дарозии майдони кон 115м ва бари он 66,5м-ро ташкил медиҳад. Қитъаи Гургчашма сохти геологии оддӣ дорад. Захираҳо аз рўи категрияҳои В + С1  ҳисобӣ шудаанд. Коркарди тарзи кушодаи кон пешбинӣ гардидааст. 50 — карат нишондиҳанда барои ҳисобҳо

 

2 500 — карат нишондиҳанда барои ҳисобҳо

 

Пешбинии андозаи хароҷот барои ҳалли  масъалаҳо
6 Кони «Яккархар»-и (Ак-Архар) данбурит

(бор)

Дарҷи муҳлати иҷроиши корҳо:

— ҳаҷми маблағи

сармоя оид ба

азхудкунии

кон

— таҳияи лоиҳаи

коркарди кон;

— истеҳсоли

маҳсулоти

ниҳоӣ.

 

Кони «Яккархар»-и (Ак-Архар) дар қаторкуҳи Аличури Шимолӣ 5 км ба самти шимол аз роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб 90 км дар ҷанубу ғарбии маркази ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷойгир мебошад. Соли 1988 дар кони мазкур корҳои иктишофи геологӣ гузаронида шуда, захираҳои он бо категорияҳои саноатӣ В+С1 ва С2 ҳисобӣ гардидаанд. 50 — карат нишондиҳанда барои ҳисобҳо

 

359 088 600 сомонӣ Пешбинии андозаи хароҷот барои ҳалли  масъалаҳо
7 Кони «Кукурт» сангҳои нимқимат-баҳои скаполит Дарҷи муҳлати иҷроиши корҳо:

— ҳаҷми маблағи

сармоя оид ба

азхудкунии

кон

— таҳияи лоиҳаи

коркарди кон;

— истеҳсоли

маҳсулоти

ниҳоӣ.

 

Кони  сангҳои нимқимат-баҳои скаполити «Кукурт» дар мавзеи ҷудошавии Зорбурулоқ ва Кукурт 16 км ба самти ҷанубу шарқии шаҳраки Рангкул ва 60 км аз маркази ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳис-тони Бадахшон ҷойгир мебошад. Дар кони мазкур солҳои 1978-1987 марҳилаи корҳои ҷустуҷўии умумӣ, ҷустуҷуию-баҳодиҳӣ ва  солҳои 1987-1991 иктишофи аввалия гузаронида шуда, захираҳои скаполит бо категорияҳои С1 ва С2 ҳисобӣ шудаанд. 50 — карат нишондиҳанда барои ҳисобҳо

 

4 110 737,4 сомонӣ Пешбинии андозаи хароҷот барои ҳалли  масъалаҳо

 

Мўҳлати пешниҳоди дархост: 30 рўзи тақвимӣ пас аз чопи эълон

Ҷои пешниҳоди дархост: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 22;

Телефонҳо барои маълумот: +(992) 37 221-69-97, +(992) 37 227-71-91;

Е-mail: info@sanoat/.tj, ijozatnoma.sanoat@mail.ru

Суръатҳисоб барои пардохти маблағ ҷиҳати иштирок дар озмун: Суръатҳисоби махсуси хазинадории марказии Вазорати молия барои гузаронидани озмунҳо: 20204972264010100181

Эзоҳ: Дар шабакаи Интернет аз саҳифаҳои зерин:  /https://www.sanoat.tj/ довталабон метавонанд намунаи дархост ва дигар маълумоти заруриро дастрас намоянд.

Дар сомонаи интернет: /https://www.sanoat.tj/ҷой дода мешавад

Бастаи пешниҳодҳои озмунии иштирокчиёни Озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:

  • шакли пешниҳоди молиявӣ, ки дар он пешниҳоди иштирокчии Озмун оид ба пардохти андозаи муайяни бонуси обунавӣ ва ўҳдадориҳои он доир ба харҷи воситаҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, рушди инфрасохтори он ва омодасозии мутахассисони миллӣ пешбинӣ шудааст;
  • нусхаҳои тасдиқшудаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатҳои иштирокчии Озмун, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор тасдиқ шудаанд;
  • гувоҳнома оид ба қарздор набудан аз рўи ўҳдадориҳои андозбандӣ дар назди мақомоти андозе, ки дар салоҳияти он иштирокчии Озмун бақайдгирифта шудааст;
  • рўйхати аз ҷониби шахси ваколатдори иштирокчии Озмун тасдиқкардашудаи ҳамаи саҳмдорон ва ё иштирокчиёне, ки дорои зиёда аз 5% саҳмияҳо ва ё саҳми иштирокчии Озмун мебошанд. Дар ин рўйхат бояд оид ба ҳар як Молик, номгўи пурраи саҳмдор ё иштирокчӣ, теъдоди саҳмияҳо ва ё ҳиссаи онҳо дар ифодаи фоиз, инъикос карда шавад;
  • нусхаҳои ҳисоботҳои молиявӣ барои 3 соли охири молиявӣ, аз ҷумла тавозуни муҳосибавӣ ва ҳисобот оид ба фоида ва зарар (нусхаҳои ҳисоботҳои молиявӣ бояд барои шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти андоз ва барои шахси ҳуѕқуқии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шаванд);
  • ҳуҷҷати тасдиқкардашуда дар бораи устувории молиявии иштирокчии озмун, ки аз ҷониби бонки хизматгузори иштирокчии Озмун дода мешавад (ҳуҷҷати мазкур бояд дар мўҳлати 6 моҳи охир то рўзи пешниҳод намудани пешниҳодоти озмунӣ тасдиқ карда шавад);
  • маълумот дар бораи таҷрибаи идоракунӣ ва ё таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ, тарҳҳои муҳандисӣ, амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ, истихроҷ, ба истифода додан ва коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок дар мўҳлати 5 (панҷ) соли охир;
  • дигар маълумотҳо, ҳуҷҷатҳо ва талаботҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ дарҷ гардидаанд”.
Февраль 4, 2020 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад