Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд. Ин масъала 14 феврал зимни мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози мулоқот Насим Олимзода Вираҷ Сингхро барои ба вазифаи Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш табрик намуда, аз ҳамкории ҳарду давлат, ки дар соҳаҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.
«Бояд зикр намоям, ки 3 сентябри соли 2012 дар шаҳри Деҳлӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии оилаи Ҷумҳурии Ҳиндустон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид», — гуфт Насим Олимзода.
Ӯ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, тазаккур дод, ки барои иҷрои бандҳои дахлдори протоколҳои комиссияи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Вираҷ Сингх дар навбати худ аз истиқболи гарму самимӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкории ду давлат дар соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон намояндагии зиёда аз 120 ширкати истеҳсолкунандагони дорувории Ҳиндустон ба миқдори зиёда аз 1000 намуди маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузарониданд.
Ҳамасола мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба даври омӯзишии забони англисӣ дар ин кишвар фаро гирифта мешаванд, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони тоҷик мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши бештари ҳамкорӣ иброз намуданд.








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






