Завқӣ Завқизода ва Юрий Соболев дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва суботи молиявиро баррасӣ намуданд

Февраль 21, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории  мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Хазинаи  Байналмилалии Асъор дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юрий Соболев баррасӣ гардид.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон масъалаҳои марбут ба тавсеаи  ҳамкории дуҷониба, дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, такмили модели макроиқтисодӣ, таъмини суботи молиявӣ ва нақшаи зиддибуҳронӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, диверсификатсияи содиротро матраҳ намуданд.

Дар интиҳо ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории самарабахш изҳор намуданд.

Февраль 21, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд